БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД - ДУРНАМОИ ҲАФТ СОЛИ ОЯНДАИ КИШВАР

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи  муштараки  таблиғотии Ситоди  марказии  пешазинтихоботии  номзад  ба  мансаби Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  мудири  кафедраи  фалсафаи  Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон Зокирзода  Нусратулло суҳбату  мулоқоти  худро   бо  интихобкунандагони  ноҳияи  Носири  Хусрав   баргузор  намуд.

Зокирзода Нусратулло  дар  якҷоягӣ  бо  аъзои  гурӯҳи  тарғиботӣ бо   фаъолон, аъзои   комиссияи  интихоботии  ҳавзаю  участкаҳо, сокинони  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  дар  Қасри  фараҳанги  ноҳия  мулоқоту  суҳбат баргузор  намуд.

Мавсуф  зимни баромади хеш иброз дошт, ки  дар  доираи  дигаргуниҳое, ки  солҳои  охир  таҳти  Сарварии  номзад ба  мансаби Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  амал  омадаанд,  ба  пешрафти  босуръати  иқтисодиёт, таъмини  иҷрои  лоиҳаи  давлатӣ, коҳиш  ёфтани  сатҳи  камбизоатӣ, вусъати  раванди  созандагӣ, боло  рафтани  ҳисси  ватандӯстии аҳли  ҷомеа,  ҳалли  масъалаҳои иҷтимоӣ  нигаронида шудааст.  

Инчунин, дар мулоқот қайд гардид, ки  боиси    ифтихор  аст, ки  мардуми  кишвар сиёсати  Роҳбари  давлатро ҳамаҷониба  дастгирӣ  карда,  дар  ҳалли  масъалаҳои иҷтимоӣ  ва  иқтисодӣ  саҳми  арзандаи  худро  гузоштаанд. Ҳамчунин,  ҳадафҳои  Барномаи    пешазинтихоботии  номзад  ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  «Барои  рушди  устувори иқтисодӣ ва  зиндагии  шоистаи  мардум» ва  нақшаҳои  барномавӣ дар  давраи  то  соли  2027  фаҳмонида шуда, таъкид  карда шуд, ки  максади  ин  барнома  беҳбудӣ  бахшидан  ба  вазъи  иҷтимоии  мардуми  кишвар  аст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg