![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180515_171243.jpg?itok=zCW4tzGP)
МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Тебалайи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб андешаронӣ карда шуда, баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Муъминобод идома доранд.