БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҷонибдори раванди инкишофи бонизоми иқтисодиёти кишвар

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати стандарт” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.

Ҳангоми вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати стандарт” Сангов Мирзохон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, Мунаввараи Бозоралӣ дар суҳбат гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, истифодаи самараноки захираву манбаъҳои барқароршаванда ва рӯ овардан ба “иқтисоди сабз” бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Яъне ҳизб раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликиятро дастгирӣ менамояд.

Дар идомаи суҳбат  Сангов Мирзохон қайд дошт, ки барномаи ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Дар ҳамин замина мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб кӯшиш мекунем, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар аз худ ташаббус нишон дода, ба ин васила барои баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳм мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg