БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроия бо   кормандони муассисаи томактабии боғчаи бачагонаи №1  вобаста ба таблиғу ташвиқиБарномаи пешазинтихоботии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон  мулоқот доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи  таблиғотӣ  доир ба  муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дастовардҳои беназири  Истиқлолияти давлатӣ, тарбияи дурусти насли наврас, ки яке аз ҳадафҳои олии  Пешвои миллат маҳсуб меёбад, андешаронӣ карда, аз  иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки наврасон ояндасози давлату миллат буда,  падару модарон  ва шахсони масъулро зарур аст, ки  онҳоро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия  намоянд.  Инчунин, онҳоро барои иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, ки  ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз доштани масъулияти баланди ҳар як шаҳрвандон вобастагии калон дорад, раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg