БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАҚДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Розиқободи Ҷамоати деҳоти Панҷ бо интихобкунандагон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Зимни мулоқот масъулин аз Барномаи мазкур иқтибос оварда, қайд намуданд, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё созем.

Ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ шуда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg