БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ БАРНОМАИ НОМЗАДИ АРЗАНДА АЗ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи  кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии  №8 Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Президенти ман- интихоби ман” баргузор гардида, дар он  муҳтавои  Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020-2027, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

Ҷумаев Алиҷон корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  зимни суханронӣ  қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз 9 бахши фарогир таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа дар марҳилаи нави рушдро  дар бар мегирад. Соли 2020 ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” шинохта шуда, барои ҳар як ташкилот ва ҳар як узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи амали ҳизб гардад. ҲХДТ, ки  худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосир мебошад, раванди маъракаи муҳими сиёсӣ собит месозад, ки ҲХДТ яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфтааст,  бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва  ба сифати ташкилоти сиёсӣӣ- ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳимро  мебозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg