ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар участкаҳои интихоботии № 9 доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳҳои тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба моҳияти Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ дарпешистода ва ҳамчунин дар асоси Барномаи ҲХДТ Ҷумаев Алиҷон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён сухан гуфта, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосир мебошад, ки дар раванди маъракаи муҳими сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсӣ- ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҲХДТ-ро нишон медиҳад.