ВОКУНИШ. Оре, мо ҷавонон шоҳиди гуфтаҳои хоинони миллат, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ нисбати давлату миллати худ тафриқаҳои иғвоангезонаро пахш менамоянд огоҳ буда, мо онҳоро намегузорем, ки бори дигар миллату давлати тоҷикро доғдор созанд.
Роҳбарони ин ҳизби хунхор мақсади нопоки худро мекӯшиданд (мехостанд сохтори давлатдориро дигар намуда, ба ҷойи он давлати исломӣ ва ба ҷойи мазҳаби Ҳанафӣ мазҳаби Шиаро ҷорӣ намоянд) аз мардум пинҳон доранд. Ба номи ҳизб ҳамроҳ намудани калимаи “ислом” як воситаи хуби ҷалб намудани таваҷҷуҳи одамон ба ҳизби террористӣ ва пардапӯш намудани мақсади аслии ҳизбу роҳбарони он буд. Вале фаромӯш карданд, ки амали бад ҳеҷгоҳ пинҳон намемонад . Рӯзе мерасад, ки новобаста аз кӯшиши касе он ошкор мегардад ва боиси рӯсиёҳии шахсоне мешавад, ки бо амалҳои бадкирдоронаи худ ба сари мардум мусибатҳои гӯшношунид рӯ овардаанд.
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки саркардагони ҳамин ҳизби террористӣ бо дастуру нишондоди хоҷагони хориҷиашон барангехтанд, чандин солҳо ҷанги таҳмилӣ ном намегирифтанд. Имрӯз бо далелҳои раднашаванда собит гардид, ки давлатҳои бо ном ба мо“дӯст”, барои барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ, (онро ҳатто ҷанги бародаркуш ҳам ном мегиранд) барои куштори бештар аз 150 ҳазор одамони бегуноҳ, гуреза ва бехонумон гардидани бештар аз як миллион одамон, зарари молӣ, ҷонӣ ва маънавии ба мардум ва давлат расонида маблағҳои ҳангуфт сарф намудаанд ва имрӯз ҳам дастпарварони ҳаромхӯру лаънаткардаи худро чун Муҳиддин Кабирӣ барои он туҳматҳое, ки ба давлат, миллат ва Президенти кишвар мезананд, маблағгузорӣ менамоянд.
Ошкор шудани сиру асрори Ҳизби наҳзати ислом ва мақсади нопоки роҳбарони он аз тарафи ҳаммаслакони собиқаш барои Муҳиддин Кабирӣ мисли хоб дидан аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ бовар надошт, ки рӯзе мубаллиғи ҳизб Айёмиддин Сатторов, “генерали мардумӣ” Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигар шахсоне, ки аз тамоми сиру асрори ҲНИ, мақсаду мароми нопоки роҳбарони он бохабаранд, ӯро шармандаи бозори маҳшар намуда, кӣ будани ӯву ҲНИ-ро ба мардум фошофош мегӯянд.
Чанде пеш Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи маҳкумшуда Сайид Қиёмиддини Ғозиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷазои ӯро аз 25 соли қаблӣ ба 7 сол поён овард. Дар тавзеҳи ин масъала зикр шуд, ки 18 сол камшудани муҳлати ҷазои Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ба мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин, фош кардани шахсони ба инҷиноятҳо дастдошта ва аз кирдорҳои содиркардаи худ пушаймон гаштани номбурда, рабт дорад.
Эътирофи “генерали мардумӣ” Сайид Қиёмиддини Ғозӣ наҳзатиҳо ва саркардаи онҳо Муҳиддин Кабириро ба маънои томаш шарманда карда, собит намуд, ки мазҳаби шиаро қабул намудани наҳзатиён далели бебаҳс аст. Ӯ дар баромади телевизионии худ гуфта буд, ки ҷалби наҳзатиён ба мазҳаби шиа таърихи тӯлонӣ дошта , аз оғози фаъолияташон сар мешавад. Ӯ ба аҳли ҷомеа ҳушдор дода гуфта буд, ки роҳбари наҳзат ва пайравонаш дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороиҳояшон музди хиёнату ҷинояташон мебошад. Сайид Қиёмиддини Ғозӣ қайд намуда буд , ки дини Ислом барои роҳбарони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати Ислом василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок ба ҳисоб меравад. Дур нест, ки ҳамаи онҳое, ки бо роҳи фиреб ба доми ҳиллаю найранги Кабирӣ афтодаанд, чун Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов аз карда пушаймон шуда, аз торҳои танидаи ин ғундаи заҳрдор халос мешаванд.
Дар ин ҳолат шахсе ёфт мешуда бошад, ки баъди мурдан пояи тобути Муҳиддин Кабириро бардорад? Шояд мардум вобаста ба чунин ҳолатҳо фармуда, ки “Оби ганда ба ҳандақ”.
Саидмаҳмудов Исфандиёр, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг