ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъои Ситоди ноҳиявии ҲХДТ бо мақсади бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар маъракаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мулобароти Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо иштироки мардуми маҳалла вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Ситоди ноҳиявӣ оид ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда ва корҳои анҷомёфта дар зарфи ҳафт соли гузашта маърӯзаҳо карда шуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ дар ҳафт соли оянда ба саҳми иштирокдорони вохӯрӣ расонида шуд.
Маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки соли равон баргузор гардид, нишон дод, ки мардуми шарафманди мамлакат номзадҳои аз ҷониби ҳизб пешбаригардида ва барномаи созандаи ҳизбро, ки барои таъмини зидагии арзанда ва шарафмандонаи ҳар як сокини кишвар нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамоянд.