БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ КОРУ МАРОМАШ БА КОМИ ХАЛҚ...

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо интихобкунанадагони Ҷамоати деҳоти 20-солагии  Истиқлолият суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Дар суҳбат масъулин вобаста ба  муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад барои ҳафт соли оянда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 29 сол ва дигар пешрафту тараққиёти  мамлакат андешаронӣ карда, гуфтанд, ки ин ҳама дасттовардҳои бузурге, ки мо мардуми тоҷик  дар тӯли 29 сол соҳиб гаштем, аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  муттаҳидии мардуми  кишвар сарчашма мегирад. Мо ҳамчун шаҳрвандони худогоҳу бедордил бояд ба қадри ин неъматҳои Худованд бирасему аз ҳарвақта дида бо меҳнату талошҳои  софдилона  барои боз ҳам рушд кардани Тоҷикистони азизамон  меҳнат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg