БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДӢ МИЛЛӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОРАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории Ситоди шаҳрӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар маҳаллаи “Ғайрат”-и шаҳри Бохтар  вохӯрӣ бо сокинон доир гардид.

Асадуллозода Ватан аъзои ситод ва гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷамъомадро кушода, доир ба баргузории нтихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карда, таъкид дошт, ки баргузории интихобот ин иштироки бевоситаи халқ дар идораи давлат аст.

Сипас, Назарова Тутихон ва  Қосимзода Солеҳа аъзои гурӯҳи тарғиботӣ  доир ба хизматҳои шоёни номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, қайд намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷод диҳад ва сокинонро ба зиндагии шоиста таъмин созад.

Инчунин, дар идомаи мулоқот намояндагони ҳизби доир ба  муҳтавои  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҲХДТ муҳатарм  Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дода, гуфтанд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ омадааст, ки “Мо барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои таъмини  рушди устувори  иқтисодии миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ - баланд бардоштани  сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон,истифодаи васеъи технологияҳои муосири пардохти ғайринақдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ миллиро зарур медонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg