БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар доираи нақшаи корӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки мудир ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз, Асрорв Саидшо ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ҷиҳати тарғиб намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳуии Тоҷикистон аз ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрӣ таҳти унвони “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз интихобот то интихобот, нақши ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихобот, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ ва эмин будан аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ ва фаҳмонидадиҳӣ қарор дода шуданд. Чунин чорабиниҳо  дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg