
ВОКУНИШ. Чанд сол аст, ки шабакаҳои маҷозии интернетиро бархе аз аҳримансириштон истифода карда, бо ҳарфҳои пучу беасосашон дар миёни як гурӯҳи авом маҳбубият пайдо кардаанд. Ҳадафи асосиашон ба сари кишвари азизамон сангандозӣ буда, бо ин кирдорашон мехоҳанд миёни афроди ноогоҳ иғво барангезанд ва ҷомеаи мутамаддини моро, ки дар ҳолати пешравию тараққӣ қарор дорад, халал расонанд.
Яке аз ин гуна афрод Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар шабакаҳои интернетӣ, ба гуфти худаш "ба дарди ҷомеа" расидагӣ мекунад, суҳбати онлайнӣ мегузаронад, ки ин ҳама сохта ва пешакӣ огоҳона мебошад. Зеро аксарияти мусоҳибонаш гарчанде дар хориҷ аз кишвар қарор дошта бошанд ҳам, дар аввали суханрониаш исми онҳоро нопурсида медонад. Аз ин бармеояд, ки онҳо чанд нафаре мебошанд, ки ба таври сохта сабту наворҳое, ки хусусияти кинабарангезиро доранд, миёни мардум паҳн карда, ҳаммаслаки худро ҷонибдорӣ мекунанд.
Аз мусоҳибаҳои Муҳаммадиқбол бармеояд, ки ӯ як тан аз афроди манфиатҷӯ буда, ғуломи Муҳиддин Кабирӣ ва чанд шахси дигарест, ки мехоҳад ҳадафҳои ноҷавонмардонаи хешро миёни шахсони ноогоҳу сабукандеш пиёда созад. Инчунин ӯ аз неруи ҷавононе истифода мебарад, ки эшон саводи казоие надоранду бо одитарин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо онҳо ҳамфикр мешаванд.
Худ қазоват кунед! Ҳамин шахсҳое, ки дар кунҷи хилват нишаста худро адолатхоҳ мепиндоранду дар фикри бунёди "ҷомеаи ҳуқуқӣ" ҳастанд. Чаро онҳо чунин ҳадафҳои "нек"-и худро 29 сол муқаддам намеандешиданд? Чаро он вақт дар фикри сулҳу ваҳдат набуданд? Чаро дар фикри Тоҷикистони ҷавоне, ки дар ҳолати рушду тараққӣ қарор дошт, набуданд? Барои он, ки онҳо мехостанд бо ҳамаслакони хеш аз вазъияти баамаломада истифода карда, сари қудрат оянд. Садҳо кӯдакону ҷавонон, занони ҳомилаю барҷомонда, пирони хирад, олимону рӯзноманигоронро сар буриданд, то ба ҳадафҳои нопоки хеш бирасанд. Ҳангоме диданд, ки мардуми шарифи тоҷик зери роҳбарии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардидааст ва миллати парокандаву оғуштаи хунгашта муттаҳид шудааст, мисли чуғз аз ҳар харобаву вайрона сар берун карда ба ғур-ғур даромаданд.
Касе ки хато мекунад, бахшида мешавад, вале касе ки хиёнат мекунад, ҳаргиз бахшида намешавад.
Ин афрод аз ҳамон хиёнаткороне ҳастанд, ки бар сари миллати тоҷик нобасомониҳои зиёде овардаанд. Ҳамин аст, ки хоинони миллат ҳаргиз бахшида намешаванд!
Бинобар ин ҳар як фарди ватандӯсти кишварро зарур аст, ки бояд зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳад, ба фиребу найранги шахсони бадхоҳу адоватпеша бовар накунад ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошад. Зеро сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ин худ барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум равона шудааст. Пас мебояд, ки мо ҳама муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Холмуҳаммадзода Абдулло, сокини шаҳри Бохтар