БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАҲОИ “ИСЛОҲ-НЕТ” САФСАТАЕ ЗИЁД НЕСТАНД

ВОКУНИШ. Барномаи “Минбари муҳоҷир”-ро тамошо кардам. Ровии он Муҳаммадиқболи Садриддин худро ботаҳаммул нишон дода, дар аксари суханҳояш номи Худоро зикр мекард, лекин дохили барнома пур аз дасиса, туҳмат, иғво ва таҳқир буд. Таҳқир ба мисли “саг”, “хар”, “аблаҳ”,  “лаънаткарда” ва дигару дигар. Дӯстон ва шиносҳояш, ба мисли Абдувоҳид, Абдураҳмон-09, Шарофиддин Гадоев дар мусоҳиба ҷонибдорияш карданд. Бештари зангҳои телефонӣ, ки шикоят аз ҳукумати имрӯза мекарданд, сохта ва таҳрезишуда буданд.

Ҳар нафари соҳибақл дарк мекунад, ки ҳадафи ин барнома  иғвоангезӣ аст. Мисол Муҳаммадиқбол  мегӯяд,  ки “Аллоҳ одамро як бор ҷон додааст, як бор мегирад, натарсед”. Аз ин гуфтори ӯ бӯи иғво, куштору қатлу террор меояд.

Хандаовар аст, ки Муҳаммадиқбол мегӯяд: ““Минбари муҳоҷир” мавзӯи муайян надорад, ҳарчи бошад гуфтан мегирӣ”.  Яъне ҷои сафсатагӯӣ аст.

Ӯ бо такрор хоҳиш мекард, ки мардум ба барномааш обуна шуда, лайк гузоранд, то дигарон бештар барномаашро тамошо кунанд.

Як чизи дигар бисёр нанговар аст, ки Муҳаммадиқбол ва баъзе мусоҳибонаш аз “кай хестан”, яъне кадом инқилобе  сухан мегӯянд. Номи ташкилот “Ислоҳ – нет”, аммо кору бораш умуман ба номаш номувофиқ.  Тамошобини зирак ба зудӣ мақсади ғаразноки ин палидонро хуб дарк мекунад. Онҳо бештар мехоҳанд дар минбарашон аз муҳоҷирон сӯистифода кунанд. Гӯё ки муҳоҷирони  тоҷик дар азоб ва ғуломӣ бошанд. Ҳоло он ки танҳо тоҷикон муҳоҷир нестанд. Ҳатто сокинони давлатҳои абарқудрат низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ба мисли Чин, Русия, Туркия ва ғайра. Имрӯз, гарчанде шаҳрвандони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошанд ҳам, аз оне ки оилаҳояшон дар ватани тинҷу осоишта зиндагӣ доранд, хотирҷамъ мебошанд.  

Ӯ мегуфт, ки аз мардуми баору номуси Исфара ба номаш мактуб ирсол гардидааст. Шояд ягон нафари ноогоҳу бехирад ба ӯ мактуб ирсол карда бошад, аммо аз номи мардуми як шаҳр унвон додан ин худ як аблаҳист. Ҳоло он ки ту чи касӣ ва чи хизмате карда метавонӣ, ки ба ту муроҷиат мекунанд????  Як сафсатагӯе беш нестӣ.   

Бояд ҳамагон хуб донем, ки фитна бузургтарин гуноҳ аст, ҳатто аз қатл ҳам. 

Дар барномаи ин пургӯ оид ба набудани пешравӣ дар Тоҷикистон, ноором будани ин сарзамин сухан мерафт, ки дуруғу беасос будани ин даъворо ҳар бинанда дарк мекунад. Ҳамчунин дар ин барнома атрофи шаффоф нагузаштани интихоботи президентӣ ҳам ҳарзагӯиҳо карданд.

            Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд аз ин пешрафт, ободӣ, сулҳу ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ дар ин ватани биҳиштосо шукрона кунем. Дӯстро аз душман фарқ карда, ақлу хиради хешро дуруст кор барем.

Мо ҳамеша бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонем!

                Алӣ Муҳаммад Назар, сокини ш. Бохтар

                                                                                             

                                                                                            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg