БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ ЛАФЗ, ВИҶДОН, ИМОН ВА ВАТАН НАДОРАД

ВОКУНИШ. Кабирӣ дар суҳбати онлайнии худ 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷи  Вашингтони ИМА ба ҳамаи масъалаҳо дар бобати вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дахл кардааст. Тамоми суханонашро савсатае беш намешуморам, зеро агар дақиқтар назар кунӣ инкори тамоми масъалагузориҳояш дида мешаванд. Ҳол он ки ӯ як хоини фирорӣ асту ба масъалагузорӣ дар Тоҷикистон ва Сулҳе, ки нисбати худаш барҳам зад ҳуқуқӣ маънавӣ надорад.

Аз рӯйи нутқаш маълум шуд, ки ҳоло ҳам мағзаш хом аст. Хоҷагонаш ба ӯ пул ва идея доданд, вале таълими дурусташ надоданд. Шояд худи Кабирӣ дар назди Хоҷагони хориҷияш худро ниҳоят донишманду дурандеш ва сиёсатмадор тарошидааст, ки ба вай бовар кардаанд. Дар ҳар сурат ӯ дилу нияти хуб надошту каҷрафтор буд, зуд шикаст хӯрду чеҳраи аслияш фош гардид.

Ростиро баду бало нарасад,

Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.

Бо гирифтани баландтарин хол дар мисоли бадтаринҳо дар ҷаҳон худи Кабирӣ арзандааст. Бадие, ки ӯ барои миллати тоҷик кардааст, бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳеҷ як тоҷикистонӣ дар ягон давру замон фаромӯш намекунад. Аз замони Истиқлолияти комилро ба даст овардан мо озодем, камбизоатӣ зина ба зина бартараф шуд. Касе, нони ҷаву ҷуворӣ мехӯрд, имрӯз аз орди навъи якум истифода мебарад. Касе, ки дар зери зулми наҳзатиҳои наҳс бо ҷомаи даридаю пои луч мегашт, имрӯз бо беҳтарин пироҳану пояфзол мегардад. Сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло рафт. Аз таълимоти динии хонагӣ дар зери зулму истибдод наврасону ҷавонон озод шуда, дар донишкадаву донишгоҳҳои олии бузурги дохилу хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Ҳамаи инро бо чашми сар дидан кори ҳар бадбахту ватанфурӯш набудааст.

Бубинед, ки мо зина ба зина ба ҳадафҳои миллии стратегии мамлакат «Таъмини амнияти озуқаворӣ», «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» ва дар ниҳоят «Саноатикунонии босуръати мамлакат» расида истодаем. Дар ин ҳол дигар чигуна метавонем мо камбизоат бошем. Чизи дигари нороҳоткунанда барои ман ва миллати тоҷик ин аст, ки Кабирии хоину ватанфурӯш такрор ба такрор дар баромадҳояш, Тоҷикистонро «кишвари мо», мардуми тоҷикро «ҳамватан» мегӯяд. Ҳол он ки Тоҷикистон кайҳо аз доштани чунин шаҳрванд ва миллат аз чунин ҳамватан даст кашида буд. Мо ҳеҷ гоҳ хоинро ҳамватан намегӯем ва аз чунин ватанфурӯшонро ҳамватан гуфтан шарм мекунему нафрат дорем.

Наҳзатиёни наҳс ҳамеша бо иғвоангезӣ, ҷангу хунрезӣ зиндагии ҳаромашонро пеш мебурданд. Ҷойе надидам, ки коре карда бошанду касе манфиат бинад. Фассод, ғорат, таҷовуз, хунрезӣ, иғвоангезӣ умуман тамоми корҳои ғайриинсонию ғайриахлоқиро дар фаъолияти ин палидони хунхор мушоҳида кардан мумкин аст. Пас чаро боз худро таъриф мекунанду аз худ қаҳрамон метарошанд? Танҳо ҳаминро фаҳмидам, ки наҳзатиёни наҳс ҷамъияти гумроҳонро мехоҳанд, зеро қувваи ҷисмонии шахсони камсаводу гумроҳу беандеша барояшон чун обу ҳаво зарур аст.

Дар ҳар сурат бояд неруҳои мухолиф шукрона мекарданд, ки бо баста шудани Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ аз соли 1997-ум ба Ҳукумати Тоҷикистон роҳ дода шуданд. Аммо дилу нияташон, ки нопок буд, аз ҳамин созишномае, ки ба нафъи онҳо баста шуд, истифода карданду боз аз пайи ҳадафҳои нопокашон шуданд. Воқеан ҳам Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷангро хотима бахшид, чаҳорчӯбаи рушди ояндаи Тоҷикистонро пешбинӣ кард. Дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчун ба як кишвари демократӣ, гуногунандеш ва таҳаммулгаро табдил ёфту ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, қавму миллатҳо новобаста аз ақидаву мазҳаб дар назди қонун баробар дониста шуд. Созишнома ҷангро хотима бахшид ваҳдату суботро таъмин намуд. Аммо наҳзатиёни наҳс ислоҳ нашуданду ба қонун ва Сазишнома эҳтиром нагузоштанд.

Хуллас,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касе то ҳол ба мисли Кабирии ватанфурӯш иштибоҳ накардааст. Иштибоҳе, ки Кабирӣ кард бахшидани он ғайриимкон аст. Агар нангу номусу ақлу виҷдону фарсат набошад, инсон ҳамеша иштибоҳ мекунад. Дар хусуси бадӣ бузурге бисёр хуб гуфтааст:

Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,

Некӣ чи бадӣ дошт, ки як бор накардӣ.

Ашӯров Орзу, аъзои гурӯҳи волонтёрӣ дар шаҳри Левакант

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg