
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад ва ҷиҳати ба саъми сокинон расонидани нақшаю дурнамои рушди Тоҷикистон барои ҳафт соли минбаъда, ки аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони деҳаи Тути Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагон оид ба масъалаҳои интихобот суҳбат намуда, иродаи халқро тавассути интихобот иштирок дар таъсиси ҳокимияти давлатӣ донистанд. Бинобар ин, масъулияти шахсӣ доштани ҳар як фардро дар интихобот лозим дониста, барои ояндаи дурахшони кишвар мардумро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад, даъват карданд.
Намояндагон ба саҳми сокинон корнамоиҳо ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки давоми солҳои зиёд баҳри некуаҳволии мардуми кишвар кардааст, ёдовар гардиданд. Ҳамзамон, нақшаю тадбирҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидааст, ба мардум фаҳмониданд.
Дар раванди мулоқоту вохӯриҳо намояндагон бо ҷавонони деҳа оид ба ахлоқи ҷавонон, касбомӯзии онҳо ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии онҳо суҳбатҳо гузаронида, ҷавононро таъкид намуданд, ки барои ҳимояи Ватан ва нишони садоқат ба халқу меҳани маҳбубамон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, содиқона хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оранд.