БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН - САҲМГУЗОРӢ БАҲРИ ОЯНДАСОЗӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботӣ бо сокинони деҳаи Правдаи Ҷамоати деҳоти Иттифоқ мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Дар ин мулоқоту вохӯриҳо намояндагон ҷиҳати интихоби дуруст баҳри зиндагии шоистаи мардум, масъулияти шахсӣ доштани ҳар як шахсе, ки ҳуқуқи интихоб кардан дорад, ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон дар раванди интихобот сухан гуфта, мардумро рӯзи 11 октябри соли 2020 ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд.

Ҳамзамон, дар баробари мулоқоту вохӯриҳо намояндагон мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки амалишавии нақшаю тадбирҳоро баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва некӯаҳволии мардум дарбар мегирад, ба саъми мардум расониданд.

Инчунин, гурӯҳи  тарғиботӣ оид ба тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон суҳбат гузаронида, ҷавононро барои ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан ва ҳимояи марзу буми он даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg