БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИРҲОИ СУДМАНД ДАР МАЪРАКАҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корҳои таблиғотиро дар Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ оид ба номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба роҳ монданд.

Дар раванди мулоқоту вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботӣ оид ба масъалаҳои интихобот, ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон, иштироки фаъолонаи мардум дар интихобот ва интихоб намудан ба умеду боварӣ барои ояндаи дурахшони миллату давлати маҳбубамон бо мардум суҳбатҳо доир намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуданд.

Намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ дастовардҳои ҳафт соли қаблиро дар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар гардида, дурнамои рушди Тоҷикистонро барои ҳафт соли оянда, ки аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеояд, ба саъми сокинон расониданд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбату вохӯриҳо намояндагон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои ҳимояи марзи Ватан ва барои амнияти миллату давлати азизамон ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, хизмати Ватан-Модарро содиқона адо намоянд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg