БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттиҳоди байни мардум ва сулҳу оромии мамлакат мебошад

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар  кӯчаи  ба номи Титови  ҷамоати шаҳраки Қубодиёни  ноҳияи Қубодиён бо аҳолии маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Бо сухани муқадимавӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб вохӯриро ҳусни оғоз бахшида,  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи терроризму экстремизм, худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи фарзанд аз хона то мактаб, одобу рафтори  ҷавонон нисбати куҳансолон ва аз ҳар гуна корҳои номатлуб таъкид намуда,  қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст.  

Гуфта шуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал карда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҲХДТ бештар мегардонад.                  

Бинобар ин ба аъзогии ҳизб намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон, фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардии ҳадафҳои  созандаи ҳизб саҳмгузор мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg