БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - РОҲНАМОИ ХАЛҚ БА АМАЛҲОИ СОЗАНДА

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии  гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати таблиғи Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ бо интихобкунандагони деҳаи ба номи А. Раҷаби Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл  баргузор гардид.

Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ аз дастовардҳои  ҳафтсолаи беназири номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёдрас шуда, гуфтанд, ки ин ҳама пешрафту  тараққиёти Ваттан аз сиёсати пешгирифтаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, моро зарур аст, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои  Роҳбари давлат дучанд масъулият ҳис карда, ватандӯст будани  худро бо амалҳои созанда исбот намоем.

Инчунин, дар идомаи мулоқот масъулин моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад аз  ҲХДТ-ро тарғибу ташвиқ карда, интихобкунандагонро барои овоз додан  ба номзади арзандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg