БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ БОСУБОТИ ДАВЛАТ АЗ ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО ВОБАСТАГИИ КАЛОН ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақшаи кории  гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Яккадин бо инихобкунандагони маҳаллаҳои Лоҳутӣ, Ҷавонон ва Навоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи мазмун ва муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда, иброз доштанд, дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиста шароити беҳтарро муҳайё намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg