БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ КАФИЛИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ ВАТАН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқи нақшаи фаъолияти  аъзои  гурӯҳи  таблиғотии  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ва  аъзои зергурӯҳҳои  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза    дар  деҳаи Навобод бо   усули  «хона  ба  хона» бо  фарогирии   интихобкунандагон  суҳбату  вохӯриҳо  оид  ба  тарғиби  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид.

Аъзои  гурӯҳи   тарғиботӣ ва  ҳамчунин  зергурӯҳҳо  ба  интихобкунандагон  иттиллоъ  доданд, ки, иштирок  дар  интихобот  ҷузъи  таркибии  ҳуқуқи  конститутсионии  шахс  аст.

Сипас, ҳамоҳангсози  гурӯҳи  таблиғотӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия ба  интихобкунандагон  оид ба  Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳарф зада, қайд  намуданд, ки  Пешвои  миллат  бо  ташаббускориҳои  наҷиби  худ дар  сатҳи   оливу  ҷаҳонӣ ибрати  шахсӣ ва  иродаву  нерӯмандии  худ намунаи  ибрат  мебошад.  Чунон, ки  огоҳ  ҳастед  Анҷумани  Х1У  ҲХДТ номзадии  Раиси  муаззими  ҳизб  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳод  намуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg