БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ТАРАФДОРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗИ ХУДРО МЕДИҲЕМ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқи нақшаи фаъолияти  аъзои  гурӯҳи  таблиғотии  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ва  аъзои зергурӯҳҳои  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза    дар  деҳаи Мамашукур бо   усули  «хона  ба  хона» бо  фарогирии   интихобкунандагон  суҳбату  вохӯриҳо  оид  ба   интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид.

Аъзои  гурӯҳи   тарғиботӣ ва  ҳамчунин  зергурӯҳҳо  ба  интихобкунандагон  иттиллоъ  доданд, ки интихобот  раванди  сиёсиест, ки ҳар  як  шаҳрванд  метавонад фаъолона  иштирок  намуда,  овози  худро  ба  тарафдории  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  диҳад. Иштирок  дар  интихобот  ҷузъи  таркибии  ҳуқуқи  конститутсионии  шахс  мебошад. Инчунин, дар  баромадҳо аъзои  гурӯҳи  корӣ  қайд намуданд, ки  интихоби дурусти мо  омили  рушди ояндаи  дурахшони  кишварамон  ва  зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Ҳамоҳангсози  гурӯҳи  таблиғотӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия ба  интихобкунандагон  оид  ба  Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  сухан  гуфта,  қайд  намуданд, ки  Пешвои  миллат  бо  ташаббускориҳои  наҷиби  худ дар  сатҳи   оливу  ҷаҳонӣ ибрати  шахсӣ ва  иродаву  нерӯмандии  худ намунаи  ибрат  мебошад. Чунон ки  огоҳ  ҳастед,  Анҷумани  Х1У  ҲХДТ номзадии Раиси  муаззами  ҳизб  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳод  намуд ва ин боиси ифтихору сарфарозии мо мардуми шарафманди тоҷик аст. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg