БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД ВА ДУРНАМОИ ҲАФТ СОЛИ ОЯНДАИ КИШВАР

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гӯруҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  собиқадори  ҳизб  Ализода  Аҳмадҷон  суҳбату  мулоқоти  худро   бо  интихобкунандагони  ноҳияи  Носири  Хусрав   идома  дода  истодааст.

Дирӯз Аҳмадҷон Ализода   дар  якҷоягӣ  бо  аъзои  гурӯҳи  тарғиботии ҳизбӣ  бо сокинони  деҳаҳои  Навобод  ва Орзуи  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  мулоқоту  суҳбат баргузор  намуданд.

Мавсуф дар баромадаш дар  доираи  дигаргуниҳое, ки  солҳои  охир  таҳти  сарварии  номзад ба Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  амал  омадаанд, сухан гуфта,   изҳор дошт, ки   пешрафти  босуръати  иқтисодиёт, таъмини  иҷрои  лоиҳаи  давлатӣ, коҳиш  ёфтани  сатҳи  камбизоатӣ, вусъати  раванди  созандагӣ, боло  рафтани  ҳисси  ватандӯстии аҳли  ҷомеа,  ҳалли  масъалаҳои иҷтимоӣ   ин дастоварди бузург барои миллати тоҷик аст. Инчунин, дар идомаи суҳбат  Аҳмадҷон Ализода қайд кард, ки  боиси  ифтихор  аст, ки  мардуми  кишвар сиёсати  Роҳбари  давлатро ҳамаҷониба  дастгирӣ  карда,  дар  ҳалли  масъалаҳои иҷтимоӣ  ва  иқтисодӣ  саҳми  арзандаи  худро  гузошта истодаанд ва ба  интихобкунандагон   муроҷиат  намуда, гуфт, ки   боварӣ  дорам  ҳамроҳ  бо мардуми  шарифи  кишвар, ҳамаи қишрҳои  ҷомеа дар  интихобот фаъолона ширкат  варзида,  ба  тарафдории  номзади арзанда, ватандӯсту созанда, миллатпарвар, муҳибу  ғамхор муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  барои  пешрафти  Тоҷикистони  азиз ва  ояндаи  дурахшони   фарзандонамон  овози  худро  медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg