БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ АЪЗОИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи  кории тарғиботии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  собиқадори  ҳизб  Ализода  Аҳмадҷон  бо  мақсади  баргузор  намудани  суҳбату  мулоқот  бо  интихобкунандагони  ноҳияи  Носири  Хусрав, аз ҷумла  бо  аҳли  ҷамоатчигии  ноҳия, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо, раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  дар  Қасри  фарҳанги  ноҳия чорабинии ҳизбӣ  баргузор  намуданд.

Ализода  Аҳмадҷон    дар  доираи  дигаргуниҳое, ки  солҳои  охир  таҳти  сарварии  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба вуқӯъ пайвастааст, андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки  баланд  бардоштани  руҳияи  худогоҳию  хештаншиносӣ, маърифати  ҳуқуқӣ ва  фаъолона  иштирок  намудан  дар маъракаи  интихоботӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯст масъулияти баландро тақозо мекунад. Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат дар бораи пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба  ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгаро , террористӣ ва  экстремистӣ,эҳтироми  арзишҳои  миллӣ,   сафарбар  намудани  соқинон  ба  корҳои  ободонию  созандагӣ,  таъмини  тартиботи  ҷамъиятӣ, таъмини  талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  давраи  интихобот бо  интихобкунандагон  сухан гуфта, иштирокдоронро ба ватандӯстиву худогоҳии миллӣ раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg