БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ШУМО ДАР ИНТИХОБОТ ҲАТМИСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар асоси нақшаи кории гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки  аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҳизбӣ , раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар ноҳияи Хуросон  Саидзода Р.А ва  роҳбари зергурӯҳи таблиғотии №5, Ҳ. Кенчаева вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар  маҳаллаи ба номи Т. Довидови  Ҷамоати шаҳраки Обикиик доир гардид. Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат  ба интихобкунандагон Барномаи номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро,ки  барои  рушди устувори иқтисодӣ  ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, фаҳмонида, таъкид карданд, ки  овози ҳар яки шумо дар интихобот ҳалқунанда буда, барои ояндаи дурахшони Ватан ба номзади арзандаи  ҲХДТ овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg