БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИНТИХОБКУНАНДАГОН НОМЗАД АЗ ҲХДТ МУАРРИФӢ КАРДА ШУД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Аъзоигурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар деҳаю маҳаллаҳо корҳои таблиғотиро ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон васеъ  ба роҳ монданд.  

Мувофиқи маълумоти ба Ситоди ноҳиявӣ расонидаи сардорони зергурӯҳҳо дар ҳама ҷо мардум аз  иҷрои нишондиҳандаҳои  ҳафт соли  охири даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки  дар Барномаи пешазинтихоботии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буд ва Барномаи нави пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ изҳори ақида намуданд. Онҳо  гуфтанд, ки аллакай номзади арзандаи худро интихоб намудаанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин рӯз аз тарафи зергурӯҳҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ 5 вохӯрию суҳбатҳо дар толор, 13 мулоқоту суҳбат дар саҳро ва 380 суҳбати фардии “хона ба хона”  бо иштироки шумораи зиёди одамон гузаронида шуд.

Дар суҳбату вохӯриҳо бештар 20 нафар интихобкунандагон баромад  намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, озод, шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тинҷию осудагии мардум таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg