БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАНГИ ИТТИЛООТИИ ТАШКИЛОТИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

ВОКУНИШ. Интернет ба инсоният имконияти муфиди зуд тараққӣ карданро фароҳам овард. Ба воситаи интернет одамон  ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дастрасӣ ба интернет ин қисми таркибии ҳуқуқҳои инсон муайян гардидаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ интернет рушд ёфта, дар ин самт санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Яке аз ҷузъи таркибии рушд ёфтани интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ҷавонон истифода мебаранд ин “Фейсбук”, “Инстаграм”, “В контакте”  мебошанд. Шабакаҳо аз тарафи шаҳрвандон истифода шуда, манбаи иттилоот ба ҳисоб мераванд. Иттилоотҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ба омма хабар дода мешаванд, ҳам таъсири манфӣ ва таъсири мусбии худро мерасонанд. Дар асри 21 васоити ахбори омма 4-ум ҳокимият эътироф шудааст ва ахборҳои нашргашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ  оламро фаро мегиранд.

 Аз ин имкониятҳо Ташкилоти  террористии “Паймони миллӣ ”  истифода бурда, дар ҷомеа  барангехтани ихтилофро пай гирифтааст. Ташкилоти “Паймони миллӣ  ” аз 15 августи соли 2019  иттиҳоди террористию экстремистӣ аз тарафи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ташкилоти “Паймони миллӣ  ” дар Иттиҳоди Аврупо ҷойгир буда, дар шабакаҳои иҷтимоии гурӯҳҳои  алоҳида созмон дода, идеяҳои ихтилофангези худро таблиғ мекунад. Иттилооту маълумотҳо тариқи иштирокчиёни сомонаҳои Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон ” паҳн мегарданд. Ин сиёсати ноором сохтани кишвар аз ҳадафҳои Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” дарак медиҳад, ки дар он замонҳо “наҳзатиҳо” бар зидди сохти конститутсионӣ ва демократия баромад мекарданд. Соли 2015 баъд аз вайрон гаштани нақшаи ҷиноӣ, яъне таббадулоти А. Назарзода “ҲНИ” аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва ташкилоти террористӣ  эълон карда шудааст.

Имрӯзҳо, ки дар мамлакат чорабинии тақдирсози сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш истодааст, ташкилоти террористии бо ном  “Паймони миллии Тоҷикистон” дар сомонаҳо навор, видео ва иттилоотҳои хусусияти иғвогароёна паҳн менамояд. Бо ин мақсад нақшаи мағзшӯии тоҷиконро пеши роҳ мондааст, ки зери ҳадафи онҳо махсусан ҷавонон меистанд. Хуб дар назар аст, ки Ташкилоти “Паймони миллӣ” таввасути сомонаҳои худ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи паҳн намудани иттилоотӣ иғвоангез ақидаи миллати тоҷикро оид ба  интихоботи Президент коста гардонида наметавонад.

Интихоботи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи конститутсияи давлат таъин гашта, ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро пешбарӣ  намудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки 3 сентябри  соли равон дар  Анҷумани XIV -и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд, ки якдилона номзадии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ  карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар барномаи сиёсии худ рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро пеша намудааст.

Мо ҷавонон, ҷавонони солҳои 90 -ум нестем, ки ба гапҳои дурӯғи шумо хоинон  бовар кунем. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ  пайравони асили Пешвои миллат буда, бо дилу ҷон Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ менамоем.Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки мо ҷавонон пайваста дониш омӯзем. Зеро дар ин раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ танҳо имконот, дониши васеъ, тафаккури созанда ва диду нигоҳи нави насли солими ҷавон метавонад бар зидди ҳама паёомадҳои нохушоянд муқовимат кунад. Мо ҷавонон аз Пешвои муаззами миллат ҷонибдорӣ намуда, рӯзи 11- уми октябр ба номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳнамои ҳақиқии миллат аст, овоз медиҳем.

Миралиев Меъроҷиддин, мутахассиси шуъбаи кор  бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Ҳамадонӣ

  

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg