БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶОНИБДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти  Чубек бо усули “хона ба хона”  оид ба баргузории  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Гадоӣ Сайдалиев вобаста ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум суханронӣ карда, қайд намуд, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ боҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу беҳтарро муҳайё созем.

Сипас, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок карда, ба тарафдории номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg