БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷрояи ноҳия бо омӯзгорону донишҷӯён оид ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Зимни баромад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо назардошти дурнамои 7  оянда (2021 - 2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад. Интихобкунандагон барои дар интихобот фаъолона иштирок кардан ва ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз додан, даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg