БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС, ОМӮЗГОР ШАХСИ МУЪТАБАР

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон оид ба  шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Масъулин  дар баромадашон бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои муҳимро  мувофиқи мақсад мешуморем.   

Дар идомаи суҳбат дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg