БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ҲИЗБИЁН БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо аъзои намояндагии ТҶҶ «Сазандагони Ватан» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар мулоқот роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Сазандагони Ватан» Раҳимова Маъмурбӣ ҷиҳати тарбияи насли ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва илмомӯзӣ, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолон, қавӣ кардани мафкураи хонандагон оид ба  хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин, аз нафароне, ки аъзои маҳфили волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия мебошанд,  даъват ба амал оварданд, ки дар корҳои тарғиботии пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда,  саҳми худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg