БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон вобаста ба  шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мавсуф дар баромадаш иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда, иброз дошт, ки бо дарназардошти он, илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои заруриро муҳим мешуморем.

Дар идомаи суҳбати масъулин дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg