БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳалаҳои  ноҳияи Фархор  гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.

Инчунин, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории  COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg