БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТРО ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР МЕНАМОЕМ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои болоии муассиса ва нафароне, ки бори нахуст дар интихобот иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ суҳбат атрофи мафҳуми интихобот, моҳият ва тарзи иштирок дар он сурат гирифта, қайд гардид, ки интихобот ин иштироки фаъолонаи халқ дар идораи давлатӣ тавассути интихоби озодона ва ихтиёрӣ ба тарафдории номзади арзанда мебошад.

Ин раванд аз ҳар фарди ватандӯст масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаро тақозо менамояд, зеро танҳо тавассути иштироки фаъолона ва шаффофу озодона баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мо бори дигар метавонем кишвари худро ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg