БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи таблиғотии деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат доир гардид.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ватанзода Сайҷафар, Фароғат Назарова, Суҳроб Валиев, Нуринисо иштирок намуданд.
Масъулин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда,  оид ба хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтсоли сипаришуда ва нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027 ибрози андеша карданд

Ҳамчунин, аз ҷониби масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ ҳар як шаҳрванди диёр бояд мутобиқи уҳдадориҳои ҳуқуқии хеш дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg