БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ ҲАСТ, ЛЕК НУРИРО ФАРОМӮШ НАБОЯД КАРД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи Абдуллои Нурӣ, яке аз  бунёдгузори пойдевори ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзатӣ бо ном исломиро, ки шогирдони “вафодораш” (номашро дар ҷойе ба забон намеоранд) мешиносанд. Имрӯз шогирдони “вафодораш” Кабириву Саидюнус, Шарофиддину Муҳамадиқбол (барои навиштани номҳояшон дастам пеш намеравад) ва даҳҳо чунин нобакорони наҳзатӣ номи бо ҳазорон ҳилла эҷод намудаи Абдуллои Нуриро “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” -ро дар хориҷи кишвар ба идеяи пучи худ “Паймони миллии Тоҷикистон” номгузорӣ намудаанду дар доираи он дар хонаҳои тангу торик, паскӯчаҳои беодаму харобзор баромаду маърӯзаҳо ва издиҳом мекунанд.

Ин хоинони оқшудагони миллат барои ин Ватан заррае хизмат накардаанд, онҳо танҳо равғане гаштанд, ки ба оташи ҷанг аланга андохтанду мардумро зидди ҳамдигар ҷанг андохтанд.

Намоишномаҳои филми ҳуҷҷатии Хиёнат (қисмҳои 1,2,3,4) бори дигар парда аз рӯйи найрангҳои саркардагони ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат боло бардошту мардум симои аслии онҳоро шинохтанд.

Инҷо пешниҳод менамоям, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба забонҳои гуногун тарҷума гардида, ба саҳми мардуми сайёра расонида шавад. Зеро, ки санги маломати наҳзатиҳо ба сӯйи мардуми бегуноҳи муқими Тоҷикистон ва ё сайёҳи хориҷӣ низ расидааст. Дар он давраҳои ҷанги мудҳиш садҳо нафар мардуми қавмҳои дигар ва сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби наҳзатиҳои хунхор ба гаравгон гирифта шуда, ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Ин хоинон ба чашми миллати тоҷик хок пошиданд.  Нурии хоин худро шахси диндору мусалмон нишон дода, корҳои пасту кирдорҳои нопокро барои миллати тоҷик раво дид. Мардумро ба майдонҳо кашида, биноҳои давлатиро оташ зад ва ба он васила ҳазорон -ҳазорон хисорот ба буҷаи давлат овард.

Бахусус, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва баъдан бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ даст ба бадномсозии дини мубини Ислом зада, ҳазорон нафар ҳамватанонро гумроҳ карда,  боиси хонавайронӣ, муҳтоҷӣ,  гуруснагии мардум ва харобии Ватан гардидаанд.  Масалан дар солҳои навадум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар ҳаммаслаконаш аз фурсати муносиб истифода намуда, хостори ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зурӣ гардида, мехостанд Тоҷикистонро ба кишвари исломӣ табдил диҳанд. Худованд мадад намуду нақшаҳои Нурии хоин амалӣ нагардид, вагарна имрӯз ҳоли Тоҷикистон ва 9 миллион аҳолияш аслан шабоҳати давлатҳои ҷангзади исломиро мемонд. Онҳо дар он замон ягона роҳе, ки бовариву эътимоди мардумро ба даст овардан метавонистанд ин ҳам бошад бо пеш овардани сураву оятҳо аз дини мубини Ислом ва бо ин васила гӯё «малҳам гардидан ба дарди мазлумон»  кор  гирифтанд. Аз як сӯ мардумро ба гурӯҳҳо тақсим карда, онҳоро байни ҳамдигар ба низоъ даъват мекарданд, аз сӯи дигар худро ба онҳо ҳалиму меҳрубон нишон дода, дар қалбашон оташ меафрӯхтанд.

Бо ҳамин мақсад Саид Абдуллои Нурӣ майдони “Шаҳидон” ташкил намуда, ҳазорон нимчамуллоро ба майдонҳо кашид, ба онҳо силоҳ доду барои ҳадафҳои нопокаш истифода намуд. Аз минбарҳои баланди издиҳом баромада, мардумро  гумроҳ карда ба гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи онвақтаина даъват менамуд. Аз нерӯи бузурги ҷавонони гумроҳ, ки дар он солҳо хату саводи динии кофӣ надоштанд истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ва ҳиллаву найранг онҳоро ба қатлу куштор ва ғоратгариву харобисозиҳо даъват мекард. Билохира Абдуллоҳи Нурӣ мардуми тоҷикро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро байни ҳам ба низоъ андохт ва маҳз бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби мардум барои вайронии хонаи хеш аз кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуда,  муфти хубе низ дарёфт кард.

Бо ҳидоятҳои хоинони миллат то ҳадде расидем, ки ҳазорон нафар мардуми гумроҳу камсавод ба ҲНИ пайравӣ намуда, ҳаёти худро сӯзониданд. Нақшаҳои ин хоинон, низ дар байни мардуми камсавод амалӣ мегашт. Агар бархе аз ҷавонони тоҷик дурандеш мебуданд, сари масъалаи пайдо гаштани пули муфт, ба миқдори панҷ ва даҳ ҳазор доллари ИМА барои иштирок дар як ҷанги Ироқу Шом фикр намекарданд. Ва ё ба худ боре суол намекарданд, ки агар ҳамин пулро ба худи ҷавонони Сурияву Афғонистон, Ироқу Яман диҳанд, худашон низ барои «дифои Ватан» ҷанг мекунанд.

Дар ҳайратам, ки чаро наҳзатиҳо номи устоди хеш Абдуллои Нуриро ҷойе ёдовар намешаванд? Медонед барои чӣ? Зеро наҳзатиҳо ба хиёнат кардану ба қавле “кидат” кардан одат доранд ва ин оддат ба хуни онҳо шараён дорад ва танҳо бо марг мебарояд.

Мо мардуми куҳансолори тоҷикро мебояд пайи ҳақиқат талош варзем, чашмонамонро кушода кунем, сиёҳро аз сафед фарқ кунем ва вақти он расидааст, ки ба қадри сулҳу салоҳ ва заҳмату талошҳои пайгирона ва ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg