БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ХАЛҚ ИНТИХОБИ ВАҲДАТ, РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МЕБОШАД

ВОКУНИШ. Дар шароити давлати демократӣ, низоми гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ва Қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, озод барои пешрафт ва тарққиёти кишвар мебошад, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷ қайд кардан мехоҳам, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба кӯшишу заҳматҳои бунёдкорона Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо карда, робитаҳои он ба кишварҳои ҷаҳон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла энергетика вусъат ёфта, дар роҳи беҳтар намудани зиндагии мардуми Тоҷикистон ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ қадамҳои боз ҳам устувортар гузошт.

Дар тӯли 29- соли истиқлолият дар кишвари азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар таърихи Тоҷикистон ин корҳо умуман вуҷуд надошт, мо мардуми Тоҷикистон умедворем, ки бо роҳбарии Пешвои миллат минбаъд  дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ояндаи наздик аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои хирадманди мамлакат нурборон хоҳем шуд. Моҳияти ин  неъматҳои бузургро мову Шумо хуб дарк мекунем, ки дар шароити нигоҳдории суботи сиёсӣ ва якпорчагии давлат масъалаи муҳим маҳсуб меёбад. Густариши рӯзафзуни зуҳуроти терроризм ва экстремизм аз хатарҳои асосии ҷомеа маҳсуб ёфта, имрӯз дар дохилу хориҷи кишвар мехоҳанд оромиву суботи сиёсии Тоҷикистонро бо роҳу воситаҳои гуногун халалдор созанд. Бо чунин таҳдиду хатарҳои замони муосир фаъолияти тарғиботиро таҷдиди назар намуда, бо истифодаи усулҳои муосири тарғибу ташвиқ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа корҳои назаррасро ба сомон расонем. Касе, ки виҷдону имони комил дорад, солҳои навадуми даҳшати ҷанги миллаткуши, оташи ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳое буданд, ки оромии ҷомеаро намехостанд ва инчунин, давлати Тоҷикистонро ба ғамхона  табдил дода буданд, набояд нодида сухан гӯяд ё ин ки инкор кунад. Дар он лаҳзаҳои пурдаҳшату  хатарнок Муҳаммадиқболи  Садриддин аз Ватан дур буд, ӯ аз мардуми кишвар бехабар буд чи мехоҳад? Берун аз марзи кишвар дар хориҷ истода ба ин масъала ҷор зада, ба самти миллату давлат санги маломат мепартояд.

Дар он лаҳзаҳо барои миллати Тоҷикистон хатарноку вазнин, касеро ҷасорату матонат набуд, ки сарварии кишвари оташзадаро ба души худ гираду оташи ҷанги шаҳрвандиро  хомӯш кунад.

Вале бо марҳамати Худованд ва далерию шуҷоат, мардонагии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллатро ба сӯи қуллаҳои мурод бирасонад. Дар ин давра бо дониш ва маҳорати баланди ташкилотчигӣ тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистонро густариш дода, як давлати ҷангзадаро ба як кишвари ободу озод табдил дода, бо ташаббусҳои сулҳҷӯёна дар бисёр мамлакати дунё  мавриди омӯзишу амал қарор дода, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намуд.

Аммо мутаассифона истиқлолияту Ваҳдати миллии моро чашми дидан надоранд, ки бо наздик шудани маъракаи муҳими сиёсӣ неруҳои экстремистиву террористӣ хусусан, ҳизби мамнуъшудаи собиқ наҳзати ислом, ки берун аз кишвар қарор дорад, истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мегарданд ва бо дассисаҳои  душманони  миллат мехоҳанд фазои сулҳу ороми кишварро бо ниятҳои нопоки худ ғуборолуд кунанд. Набояд мо нисбати фаъолияти ин гурӯҳҳо бепарво бошем. Муҳаммадиқболи Садриддин чи мехоҳад? Иғво андохтан дар байни мардум, ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакат, боз мехоҳад халқро гумроҳ созад. Оё  ӯ барои ободии Ватан ё ин кишвар хиштеро болои хишт гузоштааст? Ба ин пастфитрат,  ки ваколату салоҳият додааст, ки ба раванди омодагиҳо ба интихоботи қарибулвуқуъи кишвар баҳои сиёсӣ диҳад? Барои Ватан (забоном намегардад, ки ӯро соҳибватан гӯям) намешуд, ки ин ватанфурӯш бевосита дар ин маракаи сиёсӣ ширкат варзида, бо чашми худ ҷараёни интихоботро медид.

Кӯрдилон то охир пешрафти ҷомеаро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд. Чунки  онҳо аллакай Ватани худ ва муқаддасоти онро ба аҷнабиён фурӯхтаанд, ки Ватан барои онҳо арзише надорад.  

А.Сатторов, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg