БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муаррифӣ намудани фарҳангу маданияти бою ғании миллати тоҷик дар маҳал

ВАХШ. Ҳамасола моҳи май ҳамчун маҳвораи ҷавонон дар саросари кишвар таҷлил мегардад.

Аз ин рӯ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо ҷавондухтарони маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Вахш оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Мадина Нуралиева қайд кард, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббуси неку муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мардуми кишвар саривақтӣ буда, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳангу маданияти бою ғании миллати тоҷик, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ҷойҳои фарҳангию таърихӣ, пешниҳод намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз фарҳангу миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg