НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳр мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дар самти пешрафту ободии Ватанамон сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, барои зиндагии шоиста ва ободии сарзамини аҷдодиамон саҳмгузор бошем, кӯшиш намоем, ки Тоҷикистони биҳиштосоямнро боз ҳам дурахшонтар намуда заррае ҳам бошад саҳми арзандаи худро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум гузорем.