НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди минтақаи манзилии №3-и шаҳр ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз ХХДТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз ХХДТ Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, иштироки фаъолонаи ҳар як интихобкунанда дар интихобот ва ғайра баромад намуда, қайд карданд, ки иштироки ҳар як сокини шаҳр дар интихобот муҳим буда, интихоби дуруст ва номзади арзанда сабаби пешрафт ва оянда дурахшони кишвари азизамон мегардад.
Дар охир сокинон иброз доштанд, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида, даст болои қалб гузоштаву ба номзади арзанда Эмомалӣ Раҳмон фарзанди фарзона ва Қаҳрамони миллат овоз медиҳанд.