НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Норак бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо сокинони деҳаи Найзираки Ҷамоати деҳоти Дуконӣ вохӯрӣ баргузор карданд.
Зимни вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, собиқадори ҳизб Табаров Нуралӣ иброз дошт, ки Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.
Дар охир сокинон иброз доштанд, ки рӯзи интихобот даст болои қалб гузошта, ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз медиҳем.