НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди минтақаи манзилии №1-и кӯчаҳои 50-солагии Норак ва Харковский ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешвзинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҳизб ва сокинони кӯчаҳои номбурда бо иштироки гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ғуриева Муслима, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Исмоилова Парвина иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ғуриева Муслима дар баромади худ иброз дошт, ки ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзои ҷомеа кӯшиш мекунанд.
Ҳамзамон, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.