
НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди минтақаи манзилии №1-и шаҳр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси ваилони халқи шаҳр, раисони кӯчаҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Қумриниссо Гулмуродзода раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ба сухан баромада, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки барномаи мазкур тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумати кишварро дар бар гирифта, барои ҳафт соли оянда ҷиҳати пешрафт ва ояндаи боз ҳам дурахшони кишвари азизамон пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз сокинон даъват карда шуд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, овози худро ба номзади арзандаи ҲХДТ диҳанд.