БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАРҲАЛАИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ МЕБОШАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва аъзои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷина» вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ вобаста ба дастовардҳои ҳафт соли охир, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва нақшаву мақсадҳои нав барои ҳафт соли оянда, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия шудааст, сухан рафт.

Инчунин,  ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои яккаратаи муҳофизатӣ, ки аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Зайнулло Саидов дастрас гардидааст, тақсим карда шуда, онҳо барои иштироки фаъолона дар интихобот ва ифодаи озоди иродаи худ даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg