КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Интихобот воситаи муҳиму арзишманди рушди ҷомеа ва мамлакат буда, иштирок дар он иҷрои қарзи шаҳрвандӣ аст.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҳаллаи Сариёзи дашти шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Нахуст, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадҷон Зулфов ба сухан баромада, қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудааст. Мо бар он бояд талош кунем, ки чорабинии муҳимми сиёсии дарпешистода дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардад.