КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонобод” бо иштироки интихобкунандагони деҳаҳои Хонобод, Лавова узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Хонобод” мулоқот доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Насим Саидов ба сухан баромада, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба саҳми иштирокдорон шарҳ дода шуд.