БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи фарзандии мост!

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту

вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Хироби ҷамоати деҳоти Балҷувон  бо иштироки И.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин мулоқот доир гардид.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади баргузории мулоқот  дар якҷоягӣ бо такя ба нерӯи созандаи шумо ҷиҳати  андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои  мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҷинояткориву қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои  номатлуби  худкушӣ  ва сӯиқасд ба ҷони худ, тақдири кӯр-кӯронаи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона андешаронӣ намуданд.

Сокинони маҳал дар охир  зикр карданд, ки  мо сиёсати ватандӯстонаи  Президенти кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Ватан омодаем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg