ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои Ситоди вилоятии ҲХДТ дар деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Миралиева Хосият муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳасани Муродиён доктори илмҳои филологӣ, професор, мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ва шоир Усмон Билоӣ иштирок намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳми иштирокдорони чорабинӣ расониданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи тоҷик боз дар пешорӯи як маъракаи бисёр ҳам муҳим ва таърихӣ, ин ҳам бошад маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон, аз интихоби дурусти мову шумо ҳафт соли ояндаи кишвар бозгӯ аст.
Дар охир иштирокдорони чорабинӣ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки якдилона ба тарафдории номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.