ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи тоҷик боз дар пешорӯи як маъракаи бисёр ҳам муҳим ва таърихӣ, ин ҳам бошад маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон аз интихоби дурусти мову шумо ҳафт соли ояндаи кишвар бозгӯ аст.
Дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани 14-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки вакилони Анҷуман якдилонаву самимона номзадии фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо рўҳияи болида ва азму иродаи тоза ба мансаби Президентӣ пешбарӣ намуданд.
Бо ин мақсад бо иштироки намояндагони Ситоди вилоятии ҲХДТ дар деҳаи Тағойободи поёни Ҷамоати деҳоти Обшорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Миралиева Хосият муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳасани Муродиён-доктори илмҳои филологӣ, професор, мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ва шоир Усмон Билоӣ иштирок намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми иштирокдорони чорабинӣ расониданд.
Дар охир иштирокдорони чорабинӣ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки якдилона ба тарафдории номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.